Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа
Гуноҳ кардам, гуноҳи бузург кардам, ки Туро дӯст доштам. Ва чаро ба сазои ин гуноҳам, гуноҳи бузургам, дӯстам намедорӣ?
Саҳар ба чеҳраи зебои хуршед, ки менигарам, дармеёбам бечора ошиқ аст. Ва он замон дилам хун мешавад. Охир, бо он баландию бузургӣ дасти ӯ ба домани Ёр намерасад, пас ман бад-ин пастӣ ва хорӣ чаро орзуи висоли ҷононро дорам?
Заминҳо ҳама пойандоз андохтаанд, пойандоз аз сабзаву гул. Биё, эй Ёр, ки пас аз он дарахтон барг меоранду гул. Агар наёӣ, ҳама хушк мешаванд ва як дари ҷаҳаннамро ба рӯяшон мекушоянду ба сарсабзию шукуфоӣ умед намебанданд. Охир, барои мани ошиқи бадбахти Ту ҳам ҳазор солу беш аз он дар интизори як омадан шабу рӯз нишастан осон аст?
Ба сарзамини умедҳоям баҳори хуррам омад ва ҳазор гули хушбӯю зебо овард. Ва он рӯз дур нест, ки Ту биёӣ ва оламеро бад-ин сарзамин дар оташи рашк бисӯзӣ ва дубора сарсабз бигардонӣ. Он гоҳ ба он саодате, ки маро насиб мешавад, ҳазорсола ғаму ранҷро аз ёд мебарам ва бовар мекунам зиндагӣ маргро ҳеҷ намегузорад ба ин диёр бинигарад.
Аз дард гуфтӣ, аз ҳазор дарди вуҷуди худ гуфтӣ. Пиндоштӣ мо аз дардҳо мегурезем? Магар на ба ҷон ҳамаро харидорӣ кардем? Аммо агар мехоҳӣ Ёри мо набошӣ, ихтиёр Турост. Моро худ ин саодат бас аст, ки бо номат зиндагиро дӯст медорем ва маргро хуш мепазирем.
Эй баландболо, ки бар осмон менигарӣ, ошиқонат ҳама мурдаанд ва дар зери хок хуфтаанд. Ба Худо, ҳеҷ якеро нагузоштӣ, ки бад-он баландӣ роҳ бибаранд ва ҳамсояи хуршед бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё