Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба гиряҳои рӯзи фироқ низ расидам. Агар ошиқи содиқе барои ман дар он як шаби қадр дуо мекунад, ба Худо, ба беқадрӣ ва гумномӣ замоне, ки офтоб майли нишастан мекунаду ҳама хун мешавад, мемирам. Ва Ту ҳам дар он ҳазор сол ёд намеорӣ, ки ошиқе ба хориҳо ба ёдат зист ва ба ёдат мурд.

Ҳазор ошиқи бадбахт барои Ту имрӯз беҳтарин гулҳои шаҳрро харидорӣ мекунанд ва ба ҷашни арӯсият меоранд. Он гоҳ бароит бахт мехоҳанд. Ва бахт ҳам ин қадар номеҳрубон аст, ки ёри Ту мешавад. Ва пас аз он Ту хонаи он ҷавонеро, ки ҳамсарат шудаасту бароит рӯзе насӯхтаасту об аз дидагон нарехтааст, рӯшан мекунӣ. Барои Худо, ин як ҳақиқати бас талхро ҳеҷ гоҳ намегуфтам, агар яке аз он ҳазор ошиқи бадбахт ман намебудам.

Эй модари бас зебову дилрабои он Ёри ягонаи ман! Имрӯз он ҷигарбанди худро, ки ман ҳазор сол ба ҷону дил дӯсташ доштам, бар ҷавоне додӣ, ки ҳеҷ гоҳ тулӯъи офтобро бо ғурубаш надидааст ва намедонад рӯидани гул чи мӯъҷизаи бузург асту ишқ ба номи ҷовидонӣ ҳамаро оинабардаст намудааст. Агар хушбахтӣ пас аз соле номаи меҳрбори маро бароит наёрад, баҳор бо он ҳама абрҳо мегиряд ва ҳеҷ кас ба он дилбар намерасонад, ки чун Ту ба сӯяш боре манигаристӣ, марг барои ҷовидонӣ даъваташ кард.

Аз ин борон, ки мусиқии ғамҳоро ба рӯи боми ман ёдовар мешавад, ҳеҷ намегӯям. Ва шумо ҳам аз он муҳаббате, ки ба худ доред, на маро мешунавед, на ин мусиқии дилнишини ошиқонро.

Паноҳат бар Худо бод, эй Ёри сафаркарда, агарчи рӯзе дар ин шаҳри орзуҳои зебо нагуфтӣ, ки дӯстат медорам ва туро бо худ ба он сарзамини дилрабои ишқ мебарам.

пешина
аз 210
навбатӣ