Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

АфсонаАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Соли дигар намеоӣ. Ва ҳам ҳеҷ намегӯӣ, ки чаро бо омаданам гиристӣ ва шодӣ нанмудӣ?

Хостам, ки Туро аз ёд бибарам, аммо дидам, он ёд ҳам дар ихтиёри ман нест.

Аз он рӯз, гуфтӣ, ёд биёрам. Ва ман ёд овардам. Оре, Ту бо куртаи сафед ва сарбанди сабз омадӣ. Нигоҳат пур аз роз буду дилат пур аз ниёз. Номае доштӣ, ишқ ба он менозид. Зиндагӣ худро дар оина ҷовидонӣ медид. Гулҳои назди тирезаат ба он таровати нотакроре, ки дошт, механдид. Дарёфтам, ки дӯстам медорӣ ва бояд дӯстат бидорам. Пас аз он рафтӣ ва дигар ҳеҷ гоҳ офтоб тулӯъ накард. Шаб як нишон аз моҳу ситорае наовард. Ва чӣ хуш, эй Ёр, омадӣ ва гуфтӣ аз он рӯз ёд биёрам. Аммо чаро бояд ёд биёрам ва бо ёд зинда бошам?

Ин саҳар омадӣ ва чун баҳори хуррам рӯ ба рӯям хандидӣ. Ва он гулеро, ки ҳазор сол пеш ба ин ошиқи бадбахти худ додӣ, таровати дигар бахшидӣ. Ба Худо, пас аз ин ӯ ба номи зебои ишқ менозад ва аз умри кӯтоҳи худ ҳеҷ ёд намеорад. Аммо ман ба ин як фиреби меҳрат боз ҳазор сол ошиқона месӯзам ва лабро аз сухан медӯзам.

Чаро омадӣ ва аз номи ишқ маро овоз додӣ? Агар боз ҳазор соли дигар ба сӯхтанҳои ин як дилдодаи худ механдӣ, ману осмон он нерӯро надорем, ки бигирєм, аммо ишқ он эътибори худро аз даст медиҳад ва ҳам ба оворагӣ мемирад.

Рӯзҳо, мегӯӣ, мераванд. Оре, медонам, маро аз рафтани худ огоҳ мекунӣ. Чӣ кунам, дилам аз санг нест, мегиряд, аммо Худо ба ман он нерӯро надодааст, ки рӯзҳоро бо Ту нигоҳ бидорам ва бигӯям: «Шуморо ҳеҷ кас бештар аз ман дӯст намедорад ва ҳам бароятон ҷони гиромиро намедиҳад».

пешина
аз 210
навбатӣ