Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба Ӯ кӣ мужда мерасонад, ки дигар ҳеҷ дӯсташ намедорам? Ва ҳам кӣ хабар медиҳад, ки аз ин шаҳр ба шодмонӣ меравам? Барои Худо, агар ҳама метарсед, боре ба он гулаки сурхи худрӯ бигӯед, ки як саҳар ба рӯи он Ёр ҳеҷ нахандад. Медонам, дар ин ҳол ҳам Ӯ аз ман лаҳзае ёд намеорад, аммо меандешаду аз худ мепурсад: «Чаро хазон бармаҳал омад?».

Савганд ба баҳори хуррами ошиқон, ки дил аз Ту гирифта-ам. Ва ҳам агар ҳазор фасли хазон паси ҳам биёяд, ман аз ин шаҳри зебову дилрабо меравам. Агар ҳам Ту ҳеҷ дарнамеёбӣ, ки аз садҳазор дилдодаат яке кам шуда, боре абрҳо ба ин рафтану дил гирифтани ман мегирянд.

Дилозурда дар ин деҳи бас дур, ин кунҷи хона нишастаам. Аз Ту ҳеҷ хабаре дигар намеояд. Ба Худо, аз ёди рақибон ҳам рафтаам, ки пас аз соле бароят аз марги ман мужда бирасонанд ва бигӯянд: «Дил аз Ту гирифта буд ва ҳеҷ ёдат намеовард ва ифтихор менамуд, ки аз шаҳри ошиқон ба деҳе бас дур рафтааст. Акнун зиндагӣ ҳам ба ҳолаш механдад ва марг ҳар рӯз ба сарзанишаш меояд».

Замоне, ки дилу дидаам мегиряд, мехоҳам он номеҳрубон Ёрам наояд ва ба фириб нагӯяд, ки дӯстат медорам. Охир, ҳазор бор фиреби Ӯро хӯрдаам ва бовар кардаам, ки ишқ ҳама дарҳои хушбахтиро ба рӯи ман кушодааст. Агар ҳамчунон дилу дидаам бигиряд ва Ӯ наояду фиребам надиҳад, ба Худо, ҳама оламу одам аз Ӯ илтиҷо мекунанд, ки дӯстам надорад, аммо як бор ба ҳақиқат ба рӯям бихандад. Оре, он гоҳ марг ба ман чун ба як ошиқи содиқ рӯ меорад ва ошиқона садоям мекунад.

Имрӯз чун ҳама рӯзҳои дигар гиристаам. Ва шукр, ман ҳамчунон аз ёди Ту рафтаам ва ба суроғам ҳеҷ намеоӣ. Агар биёию чашмонамро пурнам биёбӣ, меравӣ ва боз садҳазор

пешина
аз 210
навбатӣ