Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
розигиашро мефаҳмонд, на мухолиф буданашро. Аз дили Рашид гузашт, ки Ҳусейн чунон ки мегӯянд, содамуғамбир аст.
“Аз ӯ ҳаргиз ҳукми қатъӣ, дар ягон кор тезию густохӣ сар намезанад. Фақат забонаш ганда, баъзан фикр накарда гапа мепартод. Донишаш суст буд, аммо ҳаргиз ӯро ба қатори сустхонҳо дохил намекарданд, ҳеҷ ҷасорате надошт, аммо ҳеҷ кас ӯро тарсончак ҳам намегуфт. Доим дар кисааш пул буд, аммо як сӯмашро беҷо сарф намекард. Беҳуда ба вай лақаби “Капитал” надоданд... Вай ба кас бесабаб бадӣ намекунад, аммо холисона некӣ ҳам намекунад. Ба ҳама муаллимон маъқул буд, фақат муаллими география Ҳамидӣ аз чӣ бошад, ӯро хуш намекард. Аз дигар муаллимон чор-панҷ аммо аз вай ба зӯр се гирифта буд. Лекин ҳама медонистанд, ки дигар муаллимон ба Ҳусейн як хол баризофа баҳо мемонданд. Инро ҳама ба ахлоқи вай нисбат медодаанд. Ҳусейн бачаи ором ва батамкин буд, ҳам муаллимон, ҳам падару модарон ба фарзандонашон “Аз Ҳусейн ибрат гир”, мегуфтанд... Аммо Самеъ дунёи дигар аст. Вай ба ғайр аз манфиати худаш дигар мақсаду нияте надорад. Барои вай одамон ду хеланд: касоне, ки ба вай ягон чиз дода метавонад ва касоне, ки ба вай чизе дода наметавонанд... Аз вай одами ҷиддӣ намебарояд. “Одами ҷиддӣ дунёро дунё кардагӣ, хушомадгӯӣ ҳам, хушомадҷӯй ҳам дар қӯруқи ғайрати вай фароғат доранд”, – мегуфтанд додом. Дуруст. Аз одами ҷиддӣ дар дунё ягон кору амали ҷиддӣ мемонад. Аз Самеъ чӣ? Аз ин хелҳо кору амал не, даста-даста пул, бӯғча-бӯғча латта, гову гӯсола ё мошин... хотираҳои нохуш...” Боз як рӯз гузашт.
Рашид аз пагоҳӣ як чангол чағбут ва пораи пайтобаашро ба равғанӣ хирс молид ва ба даруни “Кӯррӯда”, ба болои ҳе-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё