Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Рости гап... Қасам хурам? – ором намегашт Самеъ.
– Ман бовар мекунам. Қасам чӣ даркор.
– Ту ҳам, ҷӯраҷон, худата аз ман дур нагир. Биё, дар ҳамин ҷа қавлу қасам мекунем, ки...
– Бе қавлу қасам ҳам ману ту дӯстем...
– Ман барои дӯст ҷонама медиҳам, ҷӯра. Ба ту ман барин дӯст даркор аст. Ҳолӣ, сонитар худат мефаҳмӣ...
Рашид ба муҳокимаи онҳо шарик нашуда кор мекарду арақ мерехт. Вай то нимрӯзӣ даҳани “Кӯррӯда”–ро ба андозаи бараш ним метр, баландиаш як метр ё саҳл зиёдтар девор бардошт. Сипас, аз даруни ғор андаке чӯбу чахс ёфта овард.
– Хайрият, хирсҳои бечора ғами мора хӯрда, ба ғор чӯбу чахс даровардаанд, – гуфт Ҳусейн.
– Чӣ, рӯзғората ҷудо кардӣ? – бо киноя аз Рашид пурсид Самеъ. – Хона сохтию дар намондӣ, ба хонаам ҳеҷ кас набиёд гуфтӣ? – ором намешуд вай. – Ё аз ростӣ, дар ҳамин ҷа панаҳ мешавӣ? А?
– Панаҳ мешавам,– кӯтоҳ ҷавоб дод Рашид. – Аздусар ту маро ба камари боло намемонӣ. Ақаллан, рӯи забонӣ бошад ҳам, биё нагуфтӣ, – гила кард ӯ. Вале филфавр аз дилаш гузашт, ки дар ҷавоби нописандӣ набояд нописандӣ кард. Дар куҷое хонда буд: адоватро бо адоват нест кардан намешавад.
Дар ҷавоби ҳар як адоват агар накӯкорӣ кунед, он адоват мемирад.
– Ман худама ба ҷанголи хирс андозам ҳам, ина эҳтиёт мекунам. Ману Ҳусейн фақат дӯст не, худо хоҳад, хешу таборем, – гӯён Самеъ бо ҳазли тамаллуқасос суханашро тамом карду “ҳамту не?” гуфтагӣ барин ба рӯи Ҳусейн нигарист.
Самеъ гӯё ба шӯхӣ ин суханҳоро мегуфта бошад, Ҳусейн даҳон инҷ карда табассум менамуд. Табассуми вай на

пешина
аз 192
навбатӣ