Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
шофи қайроқзадагиаш ҷудо набуд. Ҳусейн дар даст як доси каҷ соявор аз вай канда намегашт.
Рашид сангҳои хурду калонро болои ҳам чида, раҳрави сарбастаеро, ки аз долони асосии ғор ҷудо мешуд, девор мекард. Он камарро аз сабаби кӯтоҳу тангу сарбаста буданаш боре вай “Кӯррӯда” ном дода буд.
– Чӣ бало, ба иморат сар кардӣ, чоқам ин ғор ба ту форид, – гуфт Самеъ, гӯшти нимкора хоидагиашро ба зӯр фурӯ бурда.
– Чӣ мекунӣ, Рашид? – пурсид Ҳусейн.
– Ягон чиз мекунам-да, – муғлақ ҷавоб дод Рашид сангеро ҳарсосзанон бардошта ба боли санги дигар монда. Аз шарикон озурдахотир будани вай аён буд, аммо Самеъ ва Ҳусейн инро фаҳманд ҳам, зиёда ба ӯ эътибор накарданд.
– Девор зада бастанӣ, – гуфт Самеъ нияти ӯро пай бурда.
– Ба ту хонаи соз мешавад.
– Э-э,вай аз хирс панаҳ шуданӣ, – оқибат Ҳусейн матлабро фаҳмид. – дуруст... Ҷои мо ба ду кас танг. Боз нишеб, соз истода намешавад.
– Э, хез-е! – дарҳол шубҳаи Ҳусейнро бартараф карда, ӯро аз фикраш гардондан хост Самеъ. – Вай худаш гуфт-ку, хирс ниҳоят бӯйгир, бӯи одама тез мефаҳмад. Ин девор ба вай писанд-чӣ? Як тела диҳад, титу пит мешавад! Ҷои мо – бехафв!
– Рост, – гуфт Ҳусейн зуд аз фикраш баргашта.
– Ҳусейн, – Самеъ ба гӯши Ҳусейн пичиррос зад, – ҷӯраҷон, ман қатӣ бошӣ, дар ҳеҷ кор дар намемонӣ... Ман худама ба даҳони хирс занам ҳам, тура эҳтиёт мекунам, ҷӯраҷон! Барои ту... Ҳар чӣ фармоӣ – тайёрам!.. Агар хоҳӣ – ҳозир рафта ҳамун хирса кушта меоям. Аз ростӣ... Лекин ту ҳам...
– Шуд, сад бор гуфтӣ, – дилгирона даст афшонд Ҳусейн.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё