Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

зум монда омаду қадре гӯшт бурида хӯрд. Самеъ ва Ҳусейн
паҳлу зада, пинак мерафтанд.
Дар берун тундар мехурӯшид. Рашид боронро нигарон
буд, борон ҳам омад. Оби борон ин дафъа аз аввалбор дида
бештар шорида ба ғор даромад.
– Нағз... нағз... – мегуфт вай аз он чашм наканда.
Ҳоло вай аз хирс не, балки бештар аз борон умеди наҷот
чашм дошт. “Модом ки оби борон шорида аз роғи сангҳо ба
ғор даромад, бояд дуд ҳам берун равад. “Вай бо ҳамин хаёл
ҷинчароғро даргиронду ба қабати сангҳои дар гузошт. Дуди
сиёҳи он сангу яхро лесида, сиёҳ карда ба роғҳои он даромада
мерафт. Рашид ин ҳолро дида, ғайриихтиёр якбора кафкӯбӣ
кард.
– Ҳой, ҷиннӣ-пиннӣ шудӣ-чӣ?
Самеъ ва Ҳусейн сараввал бо асабоният шӯриданд, вале
зуд аз ҷо бархоста ба назди вай омаданд.
– Чӣ гап?
– Чӣ шуд?
– Ина бинед, – Рашид ба дуди чароғи милмилак ишора
кард.
– Хайр чӣ?
– Дудаш берун меравад!
Самеъ даст афшонд. Ҳусейн бо шавқ ба сари чароғ хам
шуда ба кадом сӯ рафтани дуди онро мушоҳида кард.
– Имрӯзҳо... баъди борон... меоянд... мурдаи моро мекованд... Ана, мебинед... дуда пай мебаранд.
– Учқун... буғи замин барин дуда кӣ мебинад? – эътироз
кард Самеъ. Вай вақтҳои охир ба ҳар гапу кор эътироз дошт.
– Мебинанд, – гуфт Рашид бепарво, вале бо як навъ
оҳанги эътимодбахш. Самеъ ҳатто саволомез ба рӯи вай нига-

пешина
аз 192
навбатӣ