ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Пур аз ашк аст чашмони ману абр,
Биё бо дидаи пурнам бирақсем.
Бирақсад ҷони ман бо барги поиз,
Ба ман гӯё, ки мегӯяд хазонрез:
Аз ин ғалбери ман дарду ғаматро
Биё безу биё безу биё без!
Ғиреви бод меояд ситезон,
Ҳама мурғон парафшону гурезон,
Бигӯ имрӯз рӯзи ҳиҷрати кист?
Дарахтонанд ин сон ашкрезон...
Чу барги хушк аз ҷонат раҳо бош!
Даме озод чун мурғи ҳаво бош!
Чу барчоше ба дӯши ошиқон рез,
Шабеҳи тирамоҳи босахо бош!
Хазонрезо! Беҳин майдони ишқӣ!
Беҳин ҷавлонгаҳу ҷавлони ишқӣ!
Ҳама рангат ҷилои ишқ дорад,
Ҳама дасти пур аз эҳсони ишқӣ!
Хушо, ин бӯсаборони хазонрез,
Ба дӯши ёр борони хазонрез,
Хушо, хандон давидан аз паси ёр
Ба рангинфарши долони хазонрез.
Баногаҳ рехта, ногаҳ бимиранд,
Ба зери по, ба рӯи раҳ бимиранд.
Сабақ аз марги баргон гир, зеро,
Агар миранд, бо қаҳ-қаҳ бимиранд.
Нигори нозанини сол, поиз!
Арӯси вопасини сол, поиз!
Табассумҳои вопас дар лабонаш
Равад аз сарзамини сол поиз...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё