Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба мисли панҷаи дастони модар
Маро барги хазон каф монд бар сар,
Дилам гум зад, чу модар, эй хазонрез!
Дар оғӯши пур аз меҳрат маро бар!

Хазонрези тилоӣ бар сарам рехт,
Ту мегӯӣ Худо бар сар зарам рехт.
Кушодам бол чун мурғон ба шодӣ,
Ғубори зиндагонӣ аз парам рехт.

Хазон омад, маро аз ман раҳо кард,
Чу барги хушк аз шохам ҷудо кард,
Паридам, панҷа бурдам бар сари ёр,
Маро афшонд аз худ, зери по кард.

Ба монанди хазон мерезам аз худ,
Чу элак гарди ғам мебезам аз худ.
Тамоми булбулон аз боғ рафтанд,
Чӣ сон бе болу пар бигрезам аз худ?

Хазонрезам, хазонрезам, хазонам..,
Хазон омад ба нахли ҷисму ҷонам.
Худовандо, ба шохи хушки поиз
Чу барги охирин монам, намонам..?

Хазонрезам, хазонрезам, хазонам..,
Хазони тортан андар равонам
Танида торҳо.., ман мурғи ҳақро
Чӣ сон аз ин қафас акнун раҳонам?

Раҳо гаштам чу барги тирамоҳӣ,
Паридам дар ҳаво бо боли оҳе,
Паридан метавон бе болу бепар,
Агар боли ту бошад бегуноҳӣ.

Хазонрезо, биё, бо ҳам бирақсем,
Ба печу тобҳо аз ғам бирақсем,

пешина
аз 218
навбатӣ