Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Расида боз айёми хазондуд,
Чу мебинам, барорам аз равон дуд.
Худо бар мо зи боло нур резад,
Вале аз мо расад бар осмон дуд.

Ту танҳоиву ман танҳо, хазонрез!
Чӣ зебоӣ ту чун занҳо, хазонрез!
Биё, рақсем бо баргони поиз,
Ба шанҳову ба барзанҳо, хазонрез...

Хазонрез аст, ғамҳоро, биё, рез!
Ғубору гарди ҷонатро зи худ без!
Бисӯз.., он гаҳ бирав дар зери борон
Бишӯ покиза худро, тоза бархез!

Хазон омӯхт бар ман дарси падруд,
Ки мебоист рафтан, дер ё зуд...
Ғуруби озаринаш хунчакон гуфт:
Дари розам касе накшуд, накшуд?!

Равад ногаҳ ба мисли барги поиз,
Касе аз мо дар айёми хазонрез.
Ҳаёти одамӣ барги дарахт аст,
Ки рӯзе мешавад чун барг ночиз.

Ҷамоли тирамаҳ пардози ишқ аст,
Тамоми тирамаҳ ибрози ишқ аст.
Ҷилои розҳо дорад ба сад ранг,
Беҳин фасли баёни рози ишқ аст.

Хазонрез! Эй умеди норасида!
Хазонрез! Эй ҷавонии надида!
Ҷилои ҷумлаи гумкардаҳоӣ!
Хазонрез! Ашки мижгони чакида!

пешина
аз 218
навбатӣ