Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бе ин ҳам бадном шудааст, радди маърака мешавад, дар хонадони худаш, зану фарзандонаш ӯро барои ин намебахшанд.
Ӯ ҳамон шаб, ҳамон лаҳзаҳои ин супоришро шунидан рӯ ба деҳаи Бедак – ба манзили эшони домулло Мирзо овард. Он касро пайдо намуд. Аз нақшаи ҳукумат эшонро огоҳ сохт, ба он кас маслиҳат дод ва баъд дар дили шаб аз назар нопадид гашт.
Вале кадом шаб ӯ баҳри дастгир кардани эшони домулло Мирзо ба деҳаи Бедак – ба миёни куҳҳои баланд меомад, худаш ҳам намедонист. Аз ин рӯ, баъди шунидани ин хабар шабҳо ба саҳар меомаду эшони домулло Мирзо мижа таҳ намекарданд, китоб медиданд, китоб мехонданд, варақ мегардонданд. Рӯи ҷойнамоз ба дуову суҷуд машғул мешуданд, тасбеҳ мегардонданд, ба даргоҳи Худованд менолиданд, гӯш ба садо, садои тири Қувондиқ медоданд.
Қувондиқ гуфта буд, кадом вақте агар баҳри дастгир кардани эшони домулло оянд, албатта, бо роҳи сари куҳ ба деҳа медароянд. Ва чун ба сари қулла мерасидаанд, Қувондиқ бо баҳонае ба осмон ё ба ҷонибе тир мекушодааст. Садои рамзӣ, эшони домулло Мирзо бояд бишнаванд, тайёр бошанд, рӯ ба гурез оранд.
Қариб як ҳафта мегузашт, эшони домулло Мирзо мижа пеш намекарданд. Нахуфта шабҳои дарози зимистонро ба саҳар меоварданд. Саҳар боз ҳамроҳи мардум, бо муридон, шогирдон. Дарс мегуфтанд, шабу рӯзҳои зимистон хунук, барф аз боридан намемонд.
Шабҳо ҳолашон бедорӣ кашидан. Завҷаашон, модарам Маҳкамбибӣ, фарзанди бузургашон – бародарам Меликхоҷа хоҳиш мекардаанд аз он кас, ки лаҳзае ба ғанаб раванд, хоб кунанд, онҳо бедор меистодаанд, ваъда медоданд. Лек падар ҳавф мекашидаанд, мабодо фарзандон садои тирро нашунаванд, мабодо дар ғафлат монанд.

пешина
аз 182
навбатӣ