Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҷанозаи он тифли номуродро мехонанд, худашон вайро ба гӯр мегузоранд.
Ҳамон рӯзҳо дар як деҳаи дигар низ ба ҳамин монанд воқеае рух медиҳад. Зане бешавҳар кӯдак таваллуд мекунад, тифл якуним-дусола шуда фавтидааст.
Муллои деҳа ӯро ҳаромӣ ҳукм карда ба ҷаноза карданаш иҷозат намедиҳад. Ҳукм мекунад, ки он тифлро ба хок насупоранд. Дар порутӯда ӯро зери пору мекунанд. Эшони домулло Мирзо бар хилофи он мулло, тифлро бегуноҳ меҳисобанд, мурдаро аз зери пору берун оварда шустушӯ намуда, намози ҷанозаи ӯро мехонанд ва дар гӯристони муъминон дафн менамоянд.
Эшони домулло Мирзо бо ин амалҳои некашон дар деҳаҳои ӯзбекнишин бештар шӯҳрат ва обрӯ меёбанд.
Хусусан, қумандони атратҳо Қувондиқ, баъди аз эшони домулло Мирзо дар лаҳзаҳои душвор ва пуразияти зиндагӣ мадад диданаш, дар ҷавоб намедонад чи гуна хидмати эшонро ба ҷо биорад. Худро мурид, эътиқодманди эшони домулло Мирзо меҳисобид. Фарзандон, аҳли хонадонаш эҳтироми он касро ба ҷо меоварданд.
Дар идораҳои махфии ноҳия маслиҳат шуда буд, ки шабона, эшони домулло Мирзо дастгир карда шаванд.
Ба Қувондиқ супориш шуда, ки бо отрядаш ин вазифаро ба ҷо орад, пинҳонӣ, сирри махфӣ. Кадом шаб Қувондиқ ин вазифаашро ба ҷо биорад? Ба вай маълум накарда буданд.
Қувондиқ бо фаҳмидани ин супориш ба воҳима афтод. Наход ӯ эшони домулло Мирзоро дастгир карда ба ихтиёри ҳукумат месупорад? Қавми лақай чӣ мегӯяд?

пешина
аз 182
навбатӣ