Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Эшони домулло Мирзо, инчунин, баҳри рӯ ба гурез овардан омода ва тайёр ҳам меистоданд. Дар пойҳо маҳсӣ, дар тан ҷома, чакман, салла баста онро ҳатто аз сар намегирифтанд. Кафшҳояшон дар пеш. Омода ва ҳозир буда, ки бо шунидани садои тир, «ё ҳу» бигӯянду аз ҷой бархезанд. Вале шаб мегузашту садои тир ба гӯшашон наомада дамидани субҳи рӯзи нав, равшан гаштани оламро медиданд, медиданд, ки ҳамсояҳо, аҳли деҳа баҳри аз паси эшони домулло Мирзо намоз гузоштан аллакай дар рӯи ҳавлӣ ҳозир омада.
Ниҳоят шабе, ки ҳанӯз барф меборид ва субҳдам наздик меомад, эшони домулло Мирзо, ки болои ҷойнамоз зикри Худоро доштанд, садои тир шуниданд, садое, ки даъват баҳри рӯ ба гурез ниҳоданашон, зуд, ҳар чи зудтар. Фарзандон, Меликхоҷа ҳам масти хоб. Танҳо завҷаашон ҳанӯз ҳамроҳашон бедор, он кас ҳам садои тирро шунида.
– Меравед, домулло? – завҷаашон ҳам аллакай бо эшон дами дар истода буданд.
Эшони домулло Мирзо ба завҷаашон ба тарзи ношунаво, хело паст-паст ҳарф мегуфтанд, саросема ва дар ҳарос буданд, бо ҳамин ҳол аз дари кулба берун рафтанд, ба паси сангҳо, ба оғӯши торикиҳо қадам монданд. Шаби тираю тор, шаби зимистони қаҳратун.
Барф меборид, шамол. Эшони домулло Мирзо бо ҷорӯби дарозе изи пойҳояшонро аз болои барф руфта-руфта роҳ мерафтанд. Завҷаашон Маҳкамбибӣ дигар он касро намедиданд, садои поймониашонро ҳам намешуниданд. Нигоҳашон ба ҷонибе, ки шавҳарашон рафта буданд, рӯймоли сарашон аз барф сафед шуда, хунук хурданд. Дилашон ба ҳоли «эшони домулло», ки аксар шавҳарашонро ҳамин тавр ном мебурданд, месӯхт.

пешина
аз 182
навбатӣ