Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Ба пеши назари Шаҳзода чеҳраи Меҳрмоҳи хаёлӣ намоён шудан мегирад. Аз падар мепурсад:
— Падар хӯрда хоб рафтан хуб аст, ё сафар карда ҷаҳон дидан хуб аст?
— Албатта, сафар карда ҷаҳон дидан. Хӯрда хоб равӣ нодон мемонӣ, писарам. Вале сафар кунӣ, дунёро мебинӣ; бо расму оинҳои мардум ошно мегардӣ; талхию ширинии рӯзгорро мефаҳмию доно мешавӣ.
— Пас, ба ман иҷозат диҳед, ба сайри ҷаҳон бароям.
Шоҳ як лаҳза бо ҳайрат ба писараш менигараду ночор мемонад:
— Хайр, модоме ки чунин тасмим гирифтӣ, сафари ҷаҳон кун.
Шаҳзода аспсавор ба кишварҳои олам сафар мекунад. Барояш дидани макон, кӯҳ, дашт, расму оин ва саргузашти одамон ҷолиб буд. Аз ҳар кишваре чизе меомӯзад. Шаҳзода ба як шаҳри қадим мерасад, аспашро ба корвонсаро баста, хӯрчин дар китф қадам мезанад. Ба бозор медарояд. Бо растаи ҳунармандон, зардӯзон, гулдӯзон, кабкбозон, сагбозон, ҳатто қиморбозон ошно мешавад.
Ба назди оҳангарон меояд, ба кори онҳо зеҳн мемонад. Шамшер, сипар, досу каланд, шоҳаву табар — ҳар чиз мебинад. Ба растаи заргарон мерасад. Чизҳои заргариро ба даст гирифта тамошо мекунад. Бисёр хушнамост. Чанд чизе мехарад.
Ба гӯшаи бозор, ба дорбоз, карнаю сурнай, масхарабозони хурду калон менигарад. Нигоҳаш ба пирамарди мӯйдарози лӯхтакбоз, ки дар даст

пешина
аз 264
навбатӣ