Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
— Эй подшоҳи олампаноҳ, дар куҷо шунибед, ки кӯдаки навзод гап задааст?
Подшоҳ дод зад:
— Ҷаллод!
Моҳигири бечора тарсиду ларзиду гуфт:
— Хайр, чӣ илоҷ, боз чил рӯзи дигар муҳлат диҳед.
Чил рӯз муҳлат гирифта, давида ба назди Малика омад. Малика, ки аз ҳама кор хабардор буд, гуфт:
— Ғамнахӯр, ғусса мадор, ин корҳо барои ман осон аст.
Сию нуҳ рӯз зуд гузашт. Малика ин бор ҳам ба моҳигир гуфт:
— Рав, ба ҳамон ҷое, ки маро ба шаст даровардӣ.
Боз Харбарзангиро садо кун. Харбарзангӣ, ки аз об баромад, гӯй, ки агар духтари калони подшоҳи париён таваллуд карда бошад, ҳамон навзодро ба ман диҳед, ки холаи хурдеш диданӣ аст.
Моҳигир омад. Харбарзангиро садо кард.
Харбарзангӣ баромад. Моҳигир гуфт:
— Агар духтари калонии подшоҳ таваллуд карда бошад, кӯдакашро ба ман диҳед, ба духтари хурдии подшоҳ барам, ки он кас мехоҳанд хоҳарзодаи навзоди худро бинанд.
Харбарзангӣ даруни об рафту ба як латтапора кӯдаки навзодро печонда овард:
— Мана, гир, ҳозир ба дунё омад.
Моҳигир кӯдакро гирифту ба хона омад. Дар роҳ дид, ки кӯдак лахти гӯшт аст. Дар дилаш гуфт, ки ҳамин ҳам гап мезада бошад. Ҳамон замон кӯдак ба гап даромад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё