Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Гов ҳамон замон худашро ба дарё андохт. Подшоҳ гуфт:
— Пас аз ин рӯз, дигар мо ба ту коре надорем.

Моҳигир ҳам ба назди Малика омаду ҳарду хушу хурсандона зиндагӣ карда гаштанд. Пас аз моҳҳо боз ғурури подшоҳ баланд шуду гуфт:
— Магар мисли ман дар дунё подшоҳе ҳаст?

Боз вазир гуфт:
— Дуруст аст, вале дар ин давлату савлату ҳашамат ҳамон Малика лозим аст.

Ҳаваси подшоҳ нисбати Малика боз баланд шуд. Ғурураш ҷӯш заду гуфт:
— Дидӣ, ки нобуд кардани ин моҳигир чӣ хел душвор аст. Пас Маликаро ба дарбор чӣ хел орем?

Вазир боз маслиҳат дод:
— Медонед, подшоҳи олам. Як кор фармудан даркор аст, ки аз уҳдаи он баромада натавонаду Маликаро ба даст оред.

Подшоҳ гуфт:
— Чӣ кор?

Вазир гуфт:
— Гӯйед, ки ту як кӯдаки навзод ёфта биё, ки вай гап занад. Ин корро вай ҳеҷ гоҳ карда наметавонад. Дигар дар ҷустуҷӯи кӯдак мераваду нобуд мегардаду Малика аз шумо мешавад.

Ин маслиҳат ба подшоҳ маъқул шуд. Ба моҳигир одам фиристод. Вақте ки моҳигир омад, барояш гуфт:
— Эй моҳигир, ту муъҷизакорӣ, аз ту мехоҳам, ки як кӯдаки навзод пайдо кун, ки вай сухан гӯяд.

Моҳигир гуфт:

пешина
аз 264
навбатӣ