Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

– Ҳой, язна, сар диҳед, ман худам пеши холем мерам – гуфта, аз бағали моҳигир худашро ба замин партофту дав-давон аз вай пештар ба хона омад.

Вақте ки ба хона омад, нигоҳ кард, ки ҳамон тифл ба дасти Малика. Малика дубора вайро парпеч карда ба моҳигир доду гуфт:

– Кӯдакро гирифта рав. Подшоҳ ин бор ҳам тамоми мансабдору лашкарашро ҷамъ мекунад.
Вақте ки ҳама ҷамъ шуд, ту кӯдакро дар ихтиёри худаш мон, ки ҳар коре кунад, кардан гирад. Ту дар як гӯша истода тамошо кун.

Моҳигир навзодро гирифта рафт. Ҳама ҷамъ шуданд. Моҳигир ба подшоҳ гуфт:

– Марҳамат, гиред, ин аст навзоди шумо мехостагӣ.

Подшоҳ ба рӯи кӯдаки дар бағали моҳигир буда, нигоҳ карду бо тамасхуру писханд гуфт:

– О, ту як порча гӯштро овардӣ, интизор нашудӣ, ки ақаллан як ҳафтаӣ ё дахрӯза мешуд.

Ҳамин замон навзод ба гап даромад:

– Ту беинсоф, маро як парча гӯшт мегӯй. Ту золимӣ, ҳасудӣ, бахилӣ, нотавонбинӣ...

Подшоҳ аз ин таҳқир ҳайрон шуда гуфт:

– Чӣ гуфтӣ, аҳмақ.

Кӯдак гуфт:

– Худат аҳмақ, вазират аҳмақ, одамони дарборат аҳмақ!!!

Подшоҳ дар ғазаб шуда фармуд:

– Ҷаллод!!! Калтакро гир! Зуд ин кӯдаку моҳигирро ба хок яксон кун!

пешина
аз 264
навбатӣ