Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Лӯхтаки кал дасташро ба пеш гузошта таъзим кард:
– Ба ҷону дил.
Меҳрмоҳ бо кунҷи чашм ба рафтору ҳаракати нозуку хандадори лӯхтаки кал нигоҳ карда, табассум кард.
Лӯхтаки кал бо забони зарифу паст ба нақл кардан шурӯъ намуд:
– Ман як модараки камбағал доштам. Мо чизе барои хӯрдан надоштем. Аз гуруснагӣ шиками ман нақора мезад. (Лӯхтак бо ду дасташ ба шикамаш зад). Рӯзе аз рӯзҳо модарам, маро навозиш карда гуфт: «Ту то кай сари калатро хорида мегардӣ, ягон ҷо рав, ягон чиз ёфта биё, хӯрем». Ман тохта аз ҷой хестаму ба хонаи як бой рафтаму чӯпон шудам. Бой, медонед ба ман чӣ дод?
Шаҳзода мегӯяд:
– Чӣ дод?
– Як рама гӯсфанд, як хар, як ресмон, як халта доду гуфт: «бегоҳӣ як хар ҳезумро бо ин ресмон баста, як халта алафа ба болош бор карда биёр». Баъд кор тамоман аҷоиб шуд.
Шаҳзода пурсид:
– Чӣ шуд?
Лӯхтак ба гапаш идома дод:
– Рамаро ба саҳро бурдам. Алафзор буд. Ба таги як дарахт рафта маза карда хоб кардам. Як моҳ аз хоб бедор нашудам.
Шаҳзода мегӯяд:
– Ба ростӣ?
Лӯхтак мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё