Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ин хел фаришта барин як зан дурӯғ намегӯяд! — гуфт қозӣ.

Шумо ба ӯ тӯҳмат мекунед, дур шавед аз ин ҷо!

Дӯкондору баққол ноилоҷ монданду рафтанд.

Хонаи ту куҷост! — пурсид қозӣ аз зан. Зан ҷойи хонаашро гуфт.

Ман бегоҳӣ меоям, — гуфта қозӣ занро ҷавоб дод.

Бегоҳӣ эшони қозӣ либосҳои қимматбаҳо пӯшида, як хӯрчин молу матоъ гирифта, ба асп савор шуда, оҳиста-оҳиста, ҷумбон-ҷумбон савлаткунон ба хонаи зан равон шуд. Омад, дарвозаро тақ-тақ кард. Занак баромад:

Тақсир, омадед? — гуфт.

Ҳа, омадам.

Хуш омадед, марҳамат кунед.

Зан ҷилави аспро гирифта, қозии сергӯшти вазнини лӯндаро аз болои асп фароварда, гирифта даромад, болои ҳафт қабат кӯрпача ши­нонд. Баъд дар тарадуди ош шуд.

Эй зан, ин коратро мон, ман серам, — гуфт қозӣ.

Ҳозир мешавад, — гуфт зан аз пеши оташдон.

Зан ошро дам карда, дастархон андохта буд, ки тақ-тақи дарвоза шуду овоз баромад:

Зан, дарро кушо, ман омадам!

Ин кист? — гуфт қозӣ.

пешина
аз 161
навбатӣ