Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Нам!

Зан хеста тешакобӣ рафт.

Баққол: «Худо маро зад, — гуфт дар дилаш,
— гурм гуфта, дасту панҷаҳоямро бурида партоянд, ҳоли ман чӣ мешавад, мемураму бачагонам ятим мемонанд».

Баққол зӯр зада, сутунро канда, худро ба сӯи дар заду баромада рафт.

Баъд дӯкондору баққол яке аз паси дигар пеши қозии рафта, аз зан шикоят карданд. Қозӣ ба одамонаш фармуд, ки занро гирифта биёранд.

Одамони қозӣ рафта, ба зан гуфтанд, ки:

— Эшони қозӣ туро ба қозихона даъват мекунад.

Занак хест, худро орову торо дод, ларзону хиромон пеш-пеши одамони қозӣ равон шуд.

Қозӣ дид, ки як зани озодаю нозанин, дили сардаш нарм, забони тундаш кунд шуд.

— Ҳа, хоҳарам, — гуфт, — барои чӣ ин ду марди баобрӯю баномусро фиреб додӣ, талаву тороҷ кардӣ?

— Эй тақсир, ман як зани беваи бечораю бенавоям, аз бозе, ки шавҳарам мурдааст, рӯи мардро чашмам надидааст. Инҳоро ман фақат ҳозир дида истодаам.

— Ин зан дурӯғ мегӯяд! — гуфтанд дӯкондору баққол.

пешина
аз 161
навбатӣ