Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

АфсонаҚисса
Аз аввал хондан

— Аз овозаш гӯё шавҳарам аст.
— Нагуфтӣ, шавҳар надорам?!
— Ман надонам, даҳ сол пеш Самарқанд рафта буд, ҳамон вақтҳо хабари мурданаш омад, аз афти кор намурда будааст.
— Роҳи халосӣ чист? — пурсид қозӣ ба воҳима афтода.
— Роҳи халосӣ нест, ба тақдиратон тан диҳед!
— Як роҳе ёб, эй зан, мо қозии шаръии шарифем, байни дӯсту душман шарманда нашавем.

  • Як гаҳвораи калонакак дорам, дарунаш хобонда мебандам, болоятонро мепӯшам, шавҳарам пурсад, мегӯям, ки «вақти рафтани шумо умедвор будам, як писарча таваллуд шуд, хоб аст». Вай аз роҳи дур хаста шуда омадааст, даромада хоб меравад, шумо мехезед, меравед.
    — Ҳар чӣ мекунӣ, кун, ки ман расвои олам нашавам!

Зан шитобон гаҳвораро овард, як гаҳвораи шалақи нимкора тарошидагӣ буд, қозиро хобонда, таранг баст, қолинро ба болояш партофт, баъд рафта дарвозаро кушод.
Шавқараш даромад, шишт, уффаси дарозе кашиду гуфт:
— Ҳамин рӯз, занак, аз худи Ҳисор ба раҳ даромадам, ҳеҷ чиз ба даҳон нагирифтаам, нон-пон дошта бош, биёр!
— Каме сабр кунед, ош дам кардагӣ, — гуфт зан.

пешина
аз 161
навбатӣ