Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Зан рафта дарвозаро кушод, шавҳараш даромаду дар рӯи ҳавлӣ сиёҳие дида, пурсид:
— Эй занак, вай чист?
— Як гӯсоларо акаам дода буд, — гуфт зан, — хунук нахӯрад, гуфта, ҷулпеч кардам.
Дӯкондор «сар нараваду сир наравад» гуфтагӣ барин зӯр зада, фиш-фиш, фалач-фалач карда, қаҳ мехӯрд.
— Гӯсола бошад, кордро биёр! — гуфт мард. — Мекушамаш, мехӯрем, овора шуда, гӯсолапой кардан чӣ даркор, аз Хӯқанд ҳамин қадар мол овардам, ки ба навад сол мерасад.
— Зан кордкобӣ рафт.
Дӯкондор худ ба худ гуфт: «Худо маро зад, маро мекушанд, бачагонам ятим мемонанд». Вай чунон зӯр зад, ки банд аз ҳафт ҷояш канда шуд, худро ба дарвоза зада, бадар рафт.
Пагоҳ зан дирӯза барин либосҳои нав пӯшида, ба рӯй сурхию сафедӣ карда, ба чашмҳо сурма кашида, ба абрӯвон ӯсма молида, ба гӯшҳо ҳалқаву ба гардан марҷону ба даст дастпонаву ба ангуштон ангуштарин овехта, худро орову торо дода, ду танга гирифта, ба бозор равон шуд ва пеши баққол рафту ду тангаро дароз карда гуфт:
— Эй акаи баққол, ба ман як каллақанду чоряк ҳалво диҳед. Баққол тангаҳоро гардонда дода гуфт:
— Эй хоҳар, ин тангаҳоят пучаканд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё