Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан
  • Зан гӯшту сабзӣ реза карда, ош андохта, дам карда буд, ки тақ-тақи дарвоза шуду садо баромад:

  • Зан дарвозаро кушо!

  • Кист он? - гуфт дӯкондор саросема аз ҷояш хеста.

  • Аз овозаш шавҳарам барин.

  • Эй беваи лаънатӣ, шавҳар надорам, нагуфта будӣ?

  • Даҳ сол шуд, ки Хӯқанд рафта буд, хабари мурдааш омада буд, маълум мешавад, ки намӯрда будааст.

  • Роҳи гурезро нишон деҳ! - зорӣ кард дӯкондор.

  • Роҳи гурез нест, лекин як илоҷ ҳаст: як банд ба гарданатон меандозам, дар паси дар мебандам, шавҳарам даромада пурсад, мегӯям, ки «акаам як гӯсола дода буд, тарбияташ кардам, ки калон шуд». Монда шуда аз роҳи дур омадааст, хобаш мебарад, мехезеду меравед, ҳеҷ гап не.

  • Ҳадаҳа кун!

  • Як банди қанаби сетобае буд, зан гирифт, оварда ба гардани дӯкондор баст, дар рӯи ҳавлӣ мех зад, дӯкондор бурда ба мех баст, ҷулпеч кард, як тағора каҳ оварда, дар пешаш монда гуфт:

  • Гоҳе фиш-фиш, гоҳе фалач-фалач карда, хӯрдан гиред!

пешина
аз 161
навбатӣ