Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Нози париваш.

— Эҳ, — гуфт, — аҷаб кори номувофиқ кардӣ, хоҳарам. Хоҳарам мешуда бошӣ, ё апаам, бозори шариатро хор кардӣ, набояд, ки зан ба бозор биёяд.

— Эй ака, — гуфт зан, — маро зӯр омад, чӣ кор кунам?!

— Чӣ шуд, ки зӯр омадааст?

— Мардина надорам.

— Хонаат куҷост?

— Таҳти ана он теппа як чашма равон аст, хонаи ман дар лаби ҳамон чашма, дар пеши дарвозааш як ҷанори калон ҳаст.

— Хуб, ҳозир зуд аз ин ҷо рав, бегаҳӣ ин атласро бурда медиҳам. Дӯкондор то шом интизор шуда, ҳамин ки офтоб ба паси кӯҳ фаромад, ду чоряк биринҷу як чоряк гӯшт гирифт, почаҳои хӯрцинро пури молу матоъ карда, ба асп савор шуд, оҳиста — оҳиста, ҷумбон-ҷумбон, ларзон-ларзон рафтан гирифт. Рафт пеши хонаи зан, дарвозаро тақ-тақ кард.

Зан аз хона баромада, ҷилави аспро гирифт, дӯкондорро фаровард, аспро бурда дар саисхона баст. Молу матоъро аз хӯрцин гирифта, дар сандуқ таҳ карду дасту пояшро шуста гуфт:

— Гӯшту биринҷ овардаед, як оши саридастӣ кунам, ҳамроҳ шишта хӯрем.

— Ҷонам садқаат, тезтар кун! — гуфт дӯкондор.

пешина
аз 161
навбатӣ