Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Шумо расид, ки ин хел оҳи бадард кашидед?

— Эй зани нодон, — гуфт дар ҷавоб мард, ман оҳ накашам, кӣ оҳ кашад, ки давлат доштам, ёрӯ ҷӯра доштам, обрӯю эътибор доштам, хурду калон маро иззату ҳурмат мекарданд. Қозӣ аз ду санг роҳ дуқат шуда салом медод, дӯкондор ҳамавақт аз ҳолам ҷӯёну пурсон буд, баққол як пиёла чойро бе ман намехӯрд. Ҳоло қозӣ маро намешиносад, дӯкондор бинад, рӯй метобад, баққол масхара мекунад. Касе намегӯяд, ки ин саги куҷост.

Зан гуфт:

— Гапатон маъқул. Танбеҳи ин хел кӯрнамаконро додан даркор. Инро ман ба гардан мегирам ба шарте, ки ба шумо ҳар чи гӯям, не нагӯед.

Мард розӣ шуд. Зан либосҳои нав пӯшида, ба рӯй сурхию сафедӣ карда, ба чашмҳо сурма кашида, ба абрӯвон ӯсма молида, ба гӯшҳо ҳалқаву ба гардан шаддаву ба даст дастпонаву ба ангуштон ангуштарин овехта, худро орову торо дода, ду танга аз шавҳараш гирифта, ба бозор равон шуд. Раҳ мерафт, об аз гулӯяш метобид, қадам мезад мисли кабки кӯҳсор, ҳар кас медид, даҳ рӯз аз иштиҳо мемонд.

Зан ба пеши дӯкондор рафта:

— Акаи дӯкондор, — гуфт, — ҳамон атласатон чанд пул? Дӯкондор нигоҳ кард, ки як зани тан-

пешина
аз 161
навбатӣ