Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Гирифта, ба дарахти бед бастанду рафтанд. Гиря кардам, зорӣ кардам, илтиҷо кардам, гӯш надода рафтанд. Гурги зард омад, боинсоф будааст, нахӯрд, гурги кабуд омад, раҳм карду нахӯрд. Гурги сиёҳ бераҳм будааст, ҳамла карду маро хӯрд. Аз хунам гулҳо рӯиданд, як ангуштчаам монда буд, як бех қамиш шуд.
То ҳамин ҷо нақл карда буд, ки модараш шинохт. Шинохта тохта хеста:
– Духтаракам, ҷону дилакам, – гуфта ба оғӯш гирифт.
Баъд падараш, аз паси вай акааш ӯро ба оғӯш кашид. Апаҳояш шарманда шуда гурехтанд. Мегӯянд, ки ҳоло ҳам гурехта рафта истодаанду намедонанд, ки куҷо раванд.
ЗАНИ ЗИРАК, ДӮКОНДОР, БАҚҚОЛ ВА ҚОЗӢ
Рамзшиносони сухан ва нуктадонони асрори куҳан ва муҳаққиқони маънирез ва ҷигарсӯз нақл кардаанд, ки дар замонҳои қадим як мард буд, аз падараш молу чизи зиёд мерос монд, марди дасткушоди босаховат, ки буд, ҳамаро ба ёрӯ ҷӯраҳояш сарф карда, камбағали бенаво шуда монд. Як рӯз дар лаби суфа нишаста, оҳ кашид. Занаш пурсид:
– Эй шавҳари меҳрубони ман, чӣ аламе ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё