Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Хонд:

Чархи гардон,
Дуки ларзон,
Туро гӯям,
Акаи ҷон.

Баъд ба модараш рӯй овард:

Чархи гардон Дуки ларзон Туро гӯям Модари ҷон.

Ҳамин сурудро хонда, саргузашташро сар кард:
— Мо се хоҳаракон будем, се хоҳари ба якдигар меҳрубон будем, ҳар куҷо равем, ҳамроҳ мерафтем, ҳар чӣ хӯрем, ҳамроҳ мехӯрдем. Як рӯз модарамон моро ба хонаи холаамон равон кард. Шодикунон рафтем, ба лаби дарё расидем. Аз кӯҳ сели калон фаромада, кӯпрукро канда бурдааст, дар лаби дарё ҳайрону ҳаросон истода будем, ки як калбача омад. Апаҳоям зорӣ карданд, қанор доданд, бӯса доданд, вай аз дарё гузаронида монд. Ман ор кардам, номус кардам, худамро ба дарё партофта, тар шуда, шино карда гузаштам. Апаҳоям ранҷиданд, маро аз кокулонам ги-

пешина
аз 161
навбатӣ