Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Ромада:

— Ту инсӣ, ҷинсӣ, парий, паризодӣ, кӣ ҳастӣ? — гуфта пурсид.

— Оҷаҷон, на инсам, на ҷинсам, на париям, на паризод, ман одамам, аз ман натарсед. Ман дар даруни ҳамон як хокандоз алави талбида овардагиатон будам. Ду шаб дар даруни оташдон хоб кардам, зиқ шуда, ба ҳавлӣ ғелида баромадам, шумо гирифта ба сандук андохтед.

— Чӣ хел нағз, духтарам! — гуфт кампир. — Ман як каси танҳои бекӯю бенаво, ту фарзандам шав!

Духтарак розӣ шуд. Ҳамроҳи кампир зиндагӣ карда гашт. Чанд сол гузашт. Духтарак ба воя расид, нозанин шуд. Як рӯз дар болои суфа сари кампирро дида шишта буд, ки банохост акааш даромада омада ӯро дида монд. Духтарак тозон дар хона руст шуд. Акааш бо як дидан диду бо сад дидан ошиқ шуд. Ӯро нашинохту рафту модарашро ба ҳавлии кампир хостгорӣ фиристод.

Кампир розӣ шуд, вале духтарак гиряву зорӣ кард, ки ба ҳар кас, ки хоҳад, диҳаду ба ин ҷавон надиҳад. Ба вай гӯш накарда тӯй кардани шуданд.

— Ин хел бошад, чарху дук биёред, қиссаи маро гӯш кунед, баъд ҳар чӣ хоҳед, кардан гиред! — гуфт духтарак.

Чарху дук оварданд. Духтарак ба сари чарх шишта, гардонда, ба акааш нигоҳ карда суруд

пешина
аз 161
навбатӣ