Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан
  • Ман беваи нодон, аз куҷо донам, ки онҳо пучаканд ё сара, аз шавҳарам як мӯза монда буд, ба як кас фурӯхтам, ҳамин танғаҳоро дод.

Баққол дуруст нигоҳ кард, ки як зани парӣ барин нозанин, гуфт:

  • Эй хоҳар, беҳуда заҳмат кашидӣ, на ин ки ҳамин хел зан бозор ояд, ҷои хонаатро гӯй, бегоҳӣ ман гуфтагиатро бурда медиҳам.

  • Таҳти ана он теппа як чашма равон аст, хонаи ман дар лаби ҳамон чашма. Пеши дарвозааш як чинори калон ҳаст, — гуфт зан.

Баққол то бегоҳӣ базӯр тоқат карда, ҳамин ки офтоб ба паси кӯҳ нишаст, почаҳои хӯрчинро пур аз молу матоъ карда, қандалоту ҳалво гирифта, ба асп савор шуда роҳи хонаи занро пеш гирифт. Рафт, дарвозаро тақ-тақ кард.

Зан баромад, лаҷоми аспро гирифта, бурда баст. Почаҳои хӯрчинро холӣ кард. Молу матоъро ба сандуқ таҳ кардӣ дар тарадуди ош шуд.

  • Эй зан, зудтар бош, ки вақт меравад! — гуфт баққол.

  • Ҳозир ош мешавад, ҳамроҳ шишта мехӯрем, — ҷавоб дод зан.

Занак ошро дам карда буд, ки дарвоза тақ-тақ шуду садое баромад.

  • Занак, дарвозаро бикушо!

  • Кист ӯ! - пурсид баққол безобита шуда.

  • Аз овозаш гӯё шавҳарам аст.

пешина
аз 161
навбатӣ