Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

шавад, ба хонаи Канаяк мерафт. Онҳо дуру дароз аз дидори ҳамдигар ҳузур карда, чақ-чақ карда мешиштанд.

Як рӯз Кайкак ба хонаи Канаяк омад. Канаяк дӯсти азизашро зиёфат кардани шуда, хеста ба дегаш шир андохту алав кардани шуд, ки хезумаш камӣ кард. Вай ба Кайкак:

  • Ту як дам шин: ман рафта ҳезум мебиёрам, - гуфта ҳезумчинӣ рафт.

Кайкак як дам шишт, аз Канаяк дарак нашуд, ду дам шишт, аз Канаяк дарак нашуд. «Алави оташдон намурдааст-ку, бинам, мободо шир ҷӯшида надамад» гуфта, парида ба лаби оташдон шиштанӣ буд, ки лаппӣ карда ба даруни шир афтида мурда монд.

Як замон Канаяк омад, ки Кайкак нест.

  • Кайкак, хой Кайкак! - гуфта чор тарафа кофт, дараки Кайкакро наёфт. «Хайр, ягон ҷо рафтагист, омада мемонад» гуфта, ба таги дег ҳезум монда, ба шир нигоҳ кард, ки Кайкак ба даруни шир афтида, чаппа шуда, мурда хоб рафтааст.

Фиғони Канаяк баромад, рӯяшро канду мӯяшро канду азодор шуд.

Як вақт Алошақшаққа ба лаби боми Канаяк омада шишта буд, ки Канаяк рӯ кандаю мӯ канда, гиря карда шиштааст.

  • Ба ту чӣ шуд, Канаяк? Чаро рӯканда шудӣ, мӯканда шудӣ? Чаро ин қадар зор-зор гиря мекунӣ? - гуфта пурсид.

Канаяк оҳу воҳ карда ҷавоб дод, ки:

  • Ман рӯ наканам, кӣ канад? Ман мӯ наканам, кӣ мӯ канад? Ман гиря накунам, кӣ гиря кунад, ки бародарам Кайкак мурд, ман азодор шудам.

Алошақшаққа аҳволи Канаякро дида дилаш сӯхт.

  • Ту дар ғами бародарат рӯкандаю мӯканда бошӣ, манам, Аккаяки паррехта, - гуфта пару болашро гуттӣ аз танаш рехт.
пешина
аз 135
навбатӣ