Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Алошақшаққа хез зада-хез зада, гиряю нолакунон ба таги Чанор рафт. Чанор аҳволи вайро дида, ҳайрон шуда пурсид:
-
Эй, Алошақшаққа, ҳар рӯз пару бол доштӣ, шақ-шақ гуфта, шодӣ карда, омада ба шохи ман меништию имрӯз чӣ шуд, ки пару болат бутун рехтагӣ, рӯ-рӯи замин гиряю нола карда гаштай?
-
Эй дарди мана напурс! - гуфт Алошақшаққа, - Кайкак мурдачаст, Канаяк рӯкандаю мӯканда, манам Алошақшаққаи паррехта.
-
Ин хел бошад, манам чанори баргрехта, - гуфта Чанори азамат тамоми баргашро ба замин рехта, луч шуд.
Фурсати як чойхӯрӣ нагузашта, Бузак ба таги Чанор баргхӯрӣ омад. Омада дид, ки таги Чанор ҳафт қабат барг.
-
Эй Чанор, худаш чӣ гап? Ҳар рӯз омада, базӯр якта-нимта барги туро ёфта мехӯрдаму имрӯз чӣ шуд, ки ҳамаи баргҳоятро партофтаӣ, луб-луч шудаӣ?
-
Оҳ, дарди маро напурс! - гуфт Чанор шоҳҳояшро ларзонда, - Кайкак мурдааст, Канаяк рӯкандаю мӯканда, Алошақшаққа паррехта, ман ҳам Чанори баргрехта!
-
Ин тавр, ки бошад, ман ҳам Бузаки шоҳшикаста! - гуфта Бузак ду шоҳашро гурсӣ ба санг заду шикаст.
Сонӣ Бузак ба лаби ҷӯй рафта об хӯрд. Оби равон ӯро ба ин ҳол дида, ҳайрон шуда пурсид:
-
Эй Бузаки бечора, ҳар рӯз шоҳдор будӣ, чӣ шуд, ки имрӯз ҳар ду шоҳат шикастагӣ?
-
Эй обаки равон, ҳоли маро пурсида чӣ кор мекунӣ? – гуфт Бузак оби дида рехта. - Кайкак мурдааст, Канаяк рӯкандаю мӯканда, Алошақшаққа - паррехта, Чанор - баргрехта, ман ҳам Бузаки шоҳшикаста.
-
Эй вой ба ҳоли зори Канаяк! – гуфт Оби равон худро такурӯ карда, - Кайкак ки мурда бошад, ман ҳам обаки лойолуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё