Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Гург ба ақиб гузашта, ба таги пои рости Асп нигоҳ карданӣ шудааст. Асп бошад, гӯшашро сих кардааст ва ҳамин ки гург сарашро хам карда, ба таги пои росташ нигоҳ карданӣ шудааст, чунон ба манаҳаш лагад задааст, ки ҳамаи дандонҳояш шикастаанд. Гург беҳуш шуда афтодааст. Асп хандида, чорхез карда, гурехта рафтааст.

Гург баъд аз чанд вақт ба ҳуш омада дидааст, ки ҳам Асп аз даст рафтаасту ҳам бедандон мондааст. Вай нолону гирён шуда, худ ба худ ҳасрат карда гуфтааст:

Эй Гурги нолон,
Аҳмақу нодон!
Аз дур дидӣ асп,
Даррав раву часп!
Ту на хатхонӣ,
Балки нодонӣ.
Аз гуруснагӣ,
Мурда мемонӣ!

Гург ҳарчанд зӯр задааст, аз ҷояш хеста натавониста, аз гуруснагӣ мурдааст.

КАЙКАК

Буд-набуд, як замоне дар кунҷи як маконе як Кайкаку як
Канаяк буд. Онҳо чунон дӯст буданд, ки ҳамдигарро ягон рӯз
набинанд, бисёр зик мешуданд. Кайкакро саҳл дасташ холӣ

пешина
аз 135
навбатӣ