Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Гӯшт-ку тайёр!
Зира чӣ даркор?
Наход бе пиёз,
Гӯшти нағзу соз,
Бемазза бошад,
Белаззат бошад?!
Хӯрок надорӣ,
Ҳам бемадорӣ,
Акнун медонӣ?!
Мурда мемонӣ!
Гурги гурусна боз хӯрок ҷуста рафтан гирифтааст. Лекин базӯр роҳ мерафтааст, пойҳои бемадораш печутоб мехӯрдаанд. Чашмонаш хира мешудаанд.
Мушу калламушҳо аз хонаҳояшон сар бароварда, Гурги харобу бемадорро дида, масхара мекарданд.
Аз болои сари Гург калхотҳо парида гузашта, «ин ҳамин замон мемураду дар болои мурдааш базм мекунем» гуфта механдидаанд. Аз пеши гург ногаҳон як Асп баромадааст.
-
Туро Худо ба ман расонд, - гуфтааст Гург пеши Аспро гирифта.
-
Ту маро хӯрдан мехоҳӣ, - пурсидааст Асп, - ин хел бошад, ба ту гуфтанам даркор, ки ман ба як ҷо хат бурда истодаам, ин хат тақдири як галаи аспонро ҳал мекунад. Агар як дамакак ҳамин ҷо истӣ, зуд гашта меоям, ту маро мазза карда мехӯрӣ.
-
Ту ҳам Бузак барин маро фиреб доданӣ ҳастӣ? – гуфтааст Гург. - Ту хат-пат надорӣ, дурӯғ мегӯӣ!
-
Дорам! – гуфтааст Асп.
-
Дошта бошӣ, нишон деҳ! – талаб кардааст Гург.
-
Дар таги пои рости ақибам, - гуфтааст Асп, - бовар накунӣ, омада худат хонда бин!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё