Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Духтари азизам, дигар фикр намекунам, ки писар надорам, ту кори даҳ писарро адо карда, маро сарфароз кардӣ, илоҳи умрат дароз ва бахт ҳамеша ёрат бошад!

Баъд аз ин писари табиб ба пирамард муроҷиат карда, ба духтар муҳаббати зиёд доштани худро маълум мекунад.

Пирамард ба ин ҷавон дил додани духтарашро фаҳмида, бо хурсандӣ ба никоҳи онҳо розӣгӣ медиҳад.

Писари монанди падараш донишманди табиб у духтари нотарсу қавиирода зану шавҳар шуда, хушбахтона зиндагӣ карда мегарданд.

САЪБА ВА ФИЛ

Буд-набуд, як саъба буд. Вай дар шохи дарахт лона сохту тухм карда, бача баровард ва серташвиш шуд. Аз пагоҳ то бегоҳ ин тараф он тараф парвоз мекарду барои бачагонаш дон меовард. Бачагонаш ҳар лаҳза даҳон кушодаю садо дода, модарашонро интизор мешуданд.

Рӯзе, вақте ки бачагони саъба калонакак шуда, пару бол бароварданд, аз куҷое як фил пайдо шуда омаду худро ба дарахте, ки дар шохи он лонаи саъба воқеъ буд, молидан гирифт. Дарахт ларзид, хонаи саъба кафид, бачагонаш афтода нобуд шуданд.

Саъба ба фили ноинсоф лаънат хонда зор-зор гиря кард.

Чанд вақт гузашт, боз саъба лона сохту тухм монд, бача баровард.

Боз ҳамон фил омад. Омаду худро ба дарахт молидан гирифт, дарахт ларзид, хонаи саъба кафид, бачагонаш афтода нобуд шуданд.

пешина
аз 135
навбатӣ