Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Ки чашми писарак пӯшида мешавад, духтар аз ҷояш хеста, гули пажмурда шудагиро аз таги сараш гирифта мепартояд ва оҳиста ба берун баромада, аз боғи табиб як даста гули тоза гирифта меораду ба таги сараш мегузорад.

Аммо писари табибро хоб набурда буд. Вай бо қираи чашми нимпӯшаш ҳамаи ҳаракатҳои духтарро дида мегирад.

Рӯз шудан баробар, табиб омада, духтару писарро аз хоб бедор мекунад. Ҳамин ки онҳо аз хона берун мебароянд, аз таги сарашон гулҳоро гирифта мебинад, ки чӣ хеле ки гузошта буд, ҳамон хел тару тозаанд.

Баъд аз ин духтар ба ватанаш рафтанӣ мешавад. Табиб ӯро бо иззату эҳтироми зиёд гусел мекунад.

Духтар хайру хуш карда, ба роҳ мебарояд. Писари табиб аз падараш иҷозат гирифта, духтарро гусел карда монданӣ мешавад.

Ҳар ду чанд шабу рӯз роҳ гашта, ба шаҳри духтар мерасанд.
Аз вақти ба кофтукови дору баромада рафтани духтар хеле муддат гузашта буд. Падару модар ва хоҳаронаш хавотир шуда, гумон мекунанд, ки ӯ ба бадбахтие гирифтор шудааст.
Як дарди падараш ҳазор дард мешаваду вай аз иҷозат доданаш гаштаву баргашта пушаймон мегардад.

Аммо дар як рӯзи нек духтар сиҳат, саломат даромада меояд ва ғаму андӯҳи хешовандонашро ба хурсандии беканор табдил менамояд.

Духтар тамоми воқеаи аз сараш гузаштагиро ҳикоя карда медиҳад ва баъд аз ин доруро гирифта, ба чашми падараш мемолад.

Аҳволи падараш рӯз ба рӯз беҳтар гашта, охир дунёи равшанро мебинад. Вай гӯё, ки аз модар нав ба дунё омада бошад, шод шуда ба духтар мегӯяд, ки:

пешина
аз 135
навбатӣ