Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
АфсонаҲикоя
Аз аввал хонданДухтар воқеаи шудагиро гуфта медиҳад:
- Офарин писарам! - мегӯяд табиб, - шумо ҷасур будаед! Мана ин ними тухматонро гашта гиред, бурда дар мамлакататон шинонед, меваашро ба беморҳо диҳед сиҳат мешаванд! Мана ин доруи дарди чашм, ба чашми падаратон молед, чашмҳошон бино мешаванд, мана ин тухми гиёҳе, ки аз барги он доруи дарди чашм тайёр мешаванд. Инро ҳам бурда коред ва аз баргаш дору тайёр карда, ба кӯрон диҳед, бино шаванд.
- Ман ҳамаи ин гуфтаҳои шуморо, албатта иҷро мекунам, - мегӯяд духтар.
Табиб ба ӯ роҳи тайёр кардани доруро гуфта медиҳаду баъд аз он таклиф мекунад, ки ду-се рӯз меҳмони ӯ шавад. Духтар розӣ мешавад.
Табиб ёру ҷӯраашро ҷамъ карда, чанд рӯз зиёфат медиҳад.
Як рӯз яке аз дӯстони наздики табиб ба ӯ мегӯяд: - Ин меҳмони шумо духтар асту либоси мардона пӯшидааст.
- Не, - мегӯяд табиб, - ин паҳлавонписарест, ки далерона бемисолу монанд нишон дода, чизи дар дунё аз ҳама қиматбаҳоро гирифта омадааст!
- Шумо хато мекунед, вай духтар аст! - мегӯяд дӯсти табиб. - Вақте ки ҳамаи меҳмонон хеста ба хонаашон мераванд, шумо ҷойгаҳи ӯро бо ҷойгаҳи писаратон дар як хона андозед. Баъд дар таги сари ҳар дуяшон як дастагӣ гули садбарги сафед гузоред. Агар духтар бошад, гул пажмурда мешавад, агар писар бошад, ҳеҷ тағйир намеёбад.
Табиб розӣ шуда, гуфтагии дӯсташро мекунад.
Духтари зирак аз воқеа пай бурда, то нисфи шаб нахобида бо писари табиб сӯҳбат мекунад, ҳикою афсона мегӯяд. Баъде

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё