Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Аз думи аспи ӯ дошта, гирифтанӣ мешавад, ки духтар қайрокро мепартояд, қайроқ гулдуррос зада, ба кӯҳи калону баланд табдил меёбад. Дев дар кафои кӯҳ мемонад.
Духтар босуръат асп давонда гурехта меравад.
Дев, як вақт аз ин кӯҳ ҳам гузашта, боз ба духтар наздик шудан мегирад. Ба духтар наздик шуда, дасташро дароз карда, аз думи аспи ӯ дошта гирифтанӣ мешавад, ки духтар ин дафъа шонаро мепартояд. Аз шона, шикарроскунон, як ҷангали беканор ба вуҷуд меояд. Дев аз ин ҷангал гузашта натавониста, гашта меравад.
Духтар чанд вақти дигар роҳ тай карда, сиҳату саломат ба шаҳри табиб мерасад. Пурсуҷӯӣ карда, ҳавлии табибро меёбаду дарвозаашро так-так мезанад. Аз дарун шахсе:
- Ҳозир! - гуфта, омада дарвозаро мекушояд. Бача салому алайк карда, ба ҳавлӣ медарояд ва илтимос мекунад, ки ӯро ба ҳузури табиб баранд. Табиб як писар доштааст. Вай дарҳол аз хона баромада, меҳмонро пешвоз гирифта ба назди падараш мебарад.
Духтар, баъд аз вохӯрӣ ва пурсупос, ба табиб бо чӣ мақсад омаданашро гуфта медиҳад.
-
Ин доруро, - мегӯяд табиб, - ман ба касе медиҳам, ки ба ивази он тухми як дарахтро оварда диҳад.
-
Ман овардам! - гуфта тухмро ба табиб дароз мекунад.
-
Бисёр нағз, бисёр нағз, - мегӯяд табиб, - Шумо кори бошарафе кардаед. Ман бо меваи ин дарахт бисёр-бисёр одамони мамлакатамонро аз касалиҳои марговар халос мекунам.
Баъд аз он табиб аз духтар мепурсад:
- Ин тухмҳо-ку дар дасти деви сесара буданд, шумо чӣ хел онҳоро гирифтед? Ҳол он, ки зӯртарин паҳлавонҳо ҳам ҷуръат карда ба назди он дев рафта наметавонанд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё