Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
Саъба ин дафъа тоқат карда натавониста, доду фарёдкунон гуфт:
- Эй фили бераҳм, чаро ҳар бор, ки бачагони ман ба воя мерасанд, меоию хонаамро хароб, бачагонамро нобуд мекунӣ?
Фил хартумашро боло карда, писханд зада, гуфт:
- Ой, ҷондорак, ту худ кистӣ, ки бо ман ба забони тунд гуфтугӯ мекунӣ?! Паҳлӯи ман мехорад, маро дарахт мефорад.
Худро мемолам ба он. Чӣ кор ба ту дораму ба бачагонат?! Агар маро гунаҳкор донӣ, рав, ҳар чӣ аз дастат биёяд, кун!
Саъба бо чашми пуробу бо дили кабоб ба назди ошнои худ зоғ рафт.
Зоғ ӯро дар ин ҳол дида пурсид:
- Ба ту чӣ шуд, чаро гиря мекунӣ?
- Ой зоғи доно, - гуфт саъба, - ман чӣ кор кунам? Ҳар бор як фил аз куҷое пайдо шуда, меояду хонаамро хароб мекунаду бачаҳоямро нобуд.
Зоғ гуфт:
- Бадкирдор хурд аст ё калон бояд ҷазояшро бинад. Ман як дӯст дорам, биё ба хонааш меравем, маслиҳат мекунем.
Дӯсти зоғ занбӯр буд. Зоғу саъба ба хонаи вай рафтанд маслиҳат карданд.
Занбӯр ҳам ба кори фил ҳайрон шуду фикр карда гуфт:
- Ман як ошно дорам, биёед ба хонааш меравем, маслиҳат мекунем.
Ошнои занбӯр қурбоққа буд, ба хонаи вай рафта маслиҳат карданд.
Занбӯр як тӯда ҳамчинсонашро гирифта омад. Ҳама ба пеши фил равон шуданд. Рафтанду занбӯр ба гӯши фил даромада, неш задан гирифт. Фил бетоқат шуд. Якпаҳлу хобида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё