Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан

Ёру дӯстонаш маҳрум шуда, бисёр-бисёр ғам мехӯрад. Аз ғам харобу абгор мегардад.

Як вақт як шахси мусофир хабар медиҳад, ки дар як шаҳри дур табибе ҳаст, ки дар боғи он табиб як гиёҳе мерӯяд, табиб аз барги он доруе тайёр мекунад, ки ба ҳар гуна дарди чашм даво мешавад.

Мӯйсафед ин хабарро шунида оҳи сард кашида:

  • Агар писар медоштам, - мегӯяд, - албатта, рафта он гиёҳро ёфта меоварду аз ғурбати нобиной халос мешудам.

Духтари калонии пирамард дарҳол аз ҷояш хеста, аз падараш илтимос карда мегӯяд, ки:

  • Падарҷон, иҷозат диҳед ман рафта доруро ёфта биёрам!
  • Оҳ, духтарам, - мегӯяд пирамард, - аз дасти ту ин кор намеояд, бекора овора мешавӣ.

Духтар аз гапи худ нагашта, зорию тавалло мегираду охир падарашро розӣ мекунад.

Баъд аз ин духтар як аспро зину банд зада, либосҳои мардона пӯшида, як хӯрцинро пур аз хӯрокворӣ карда, ба роҳ мебарояд.

Меравад-меравад, чанд шабу рӯз роҳ гашта, дар сари як чорраҳа як хоначаи майдаи чӯбинро мебинад. Духтар «дар ҳамин ҷо кас будагист, аз ӯ роҳро пурсида гирам» гӯён аз асп фаромада, дари хонаро тақ-тақ мезанад.

Аз даруни хона овози занонае шунида мешавад:

  • Кист? Ман бемор ҳастам, аз ҷоям хеста наметавонам,
    худ аз даромадан гир!

Духтар дарро кушода ба хона медарояд ва салом дода мебинад, ки ҳақиқатан дар рӯи хона як кампири бемор хобидааст.

  • Модарҷон, ба шумо чӣ шуд? - гуфта мепурсад духтар.
пешина
аз 135
навбатӣ