Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа
- Эй писарам, - мегӯяд кампир, - напурс, ман хеле вақт боз бемор шуда, дар болои ҳамин бистар хобидаам, каси нигоҳубин мекардагӣ надорам.
Духтар даррав ба хӯрчинаш даст андохта, аз тӯшаи барои сафар тайёр кардагиаш гирифта, ба кампир мехӯронад, кампир қадре ба худ омада, аз духтар мепурсад:
-
Писарам, ту аз куҷо омадию ба куҷо рафта истодаӣ?
-
Ман аз як шаҳри дур омадам, - мегӯяд духтар, - падарам ба касалии дарди чашм гирифтор шуда, нобино шудааст, ман ба суроғаи дору рафта истодаам.
-
Эй писарам, - мегӯяд кампир, - аз ин ният гард, бисёр одамони далер ба суроғи ин дору равон шуда, ба мақсадашон нарасида набуд шудаанд. Ба даст овардани он дору ҳеҷ илоҷ надорад, ба хонаат гашта рав!
Духтар баъди ин хел гапҳо ноумед шуда, гашта ба хонаашон меояд. Падараш хотирҷамъ шуда мегӯяд:
- Ҳа духтарам, ман хеле хурсандам, ки ту сиҳату саломат гашта омадӣ.
Духтар воқеаи бо кампир вохӯрданашро ба падару хоҳаронаш нақл карда медиҳад.
- Ба даст овардани дору, - мегӯяд ӯ, ҳеҷ илоҷ надоштааст.
Бисёр одамони далер ба суроғи он равон шуда, ба мақсадашон нарасида, нобуд шуда рафта будаанд!
Духтари миёна ба гапҳои хоҳараш аҳамият надода, аз ҷояш хеста:
- Падарҷон иҷозат диҳед, ман меравам ва албатта ҳамон доруро гирифта меорам, - илтимос мекунад аз падараш.
Аммо ин духтар ҳам сахт ба гуфтааш истода, гаштаю
баргашта иҷозат пурсидан мегирад. Вай дар охир падарашро
розӣ мекунаду як аспро гирифта, зин зада, либосҳои мардона
пӯшида, кокулҳояшро ба таги телпак ғун карда, ба роҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё