Зеҳн
Афсонаҳои халқи тоҷик

Ин китоб маҷмӯи афсонаҳо ва ҳикоятҳои халқи тоҷик буда, панду ахлоқ ва ҳикоятҳои халқиро дар бар мегирад. Дар он сагу гурба, одамони ҳасуд ва воқеаҳои гуногуни тарбиявӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 135 саҳифа

АфсонаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Дар хонае, ки як побарахнаи аблаҳро гӯш мекунанд, мо намеистем, - гуфта рафтаӣ шуданд, ки бозургон онҳоро нигоҳ дошта гуфт:

  • Якдамакак шинетон, ин чӯпонбача қиссаи духтари маро гуфта истодагӣ барин, фаҳмам духтари бечораи ман куҷо бошад.

  • Ман духтари бечораи шумо, - гуфта Меҳрбону ба хонаи дарун даромаду либосҳои чӯпониро кашида, либосҳои занона пӯшид, модарашро, ки дар фироқи ӯ месӯхт, ба оғӯш гирифт, аз чашмони ҳарду ашки хурсандӣ равон шуд, дуру дароз ҳамдигарро бӯса карданд.

Бозургон ҳақиқати ҳолро фаҳмида, дар ғазаб шуд. Вай кирдори қозию писари бойро ба тамоми шаҳр эълон карда, онҳоро ба ҷазои сахт расонид ва ба духтараш узри зиёде гуфта, ӯро навозиш кард. Чӯпонеро, ки Меҳрбонуро аз чоҳ кашида гирифта буд, оваронда инъомҳои қимматбаҳо дод.

Некон ба муроду мақсадашон расиданд, бадон ҷазои бадиашонро кашиданд.

ДУХТАРИ ҶАСУР

Буд-набуд, дар замонҳои қадим дар як шаҳре пирамарде буд. Пирамард се духтар дошт, аммо ягонто ҳам писар надошт ва ҳамеша дар орзуи писар буд.

Рӯзе аз рӯзҳо пирамард ба дарди чашм гирифтор шуда, нобино мешавад. Табибҳо даво мекунанд, вале фоидае намебахшид.

Пирамард аз дидани рӯзи равшану дидори фарзандон ва

пешина
аз 135
навбатӣ