Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
ҶАВОБИ ТАНҚИД
Шахсеро дар рӯзнома сахт танқид кардаанд. Одами танқидхӯрда бо мошин кӯча ба кӯча гашта, ҳама он рӯзномаҳоро аз дӯконҳо харида мегирифт.
— Ин чӣ коратон? — пурсиданд аз ӯ.
— Ин беҳтарин усули бастани даҳони танқидчӣ!
«МУРҒИ ХӮҶАИН ЧӮҶА БАРОВАРДАСТ»
Хушомадгӯй бо туҳфаҳои бисёре ба хонаи сардори идорааш мерафт. Ошнояш ӯро дид.
— Ҳа, ба куҷо?
— Ба хонаи хӯҷаин, барои муборакбодӣ.
— Магар фарзанд таваллуд ёфтааст?
— Не, мурғашон чӯҷа баровардааст.
«ХАЙРИЯТ, КИ ОДАМ ДУ ГӮШ ДОРАД»
— Хайрият одам ду гӯш дорад, ки суханҳои шунидааш аз як гӯш даромада, аз дигараш баромада меравад. Набошад, сари кас торс мекафид, — гуфт холабеғаме худ ба худ.
СИРРИ ОИНАИ КАБУД
Раиси чашмбанди як колхоз оинаи мошинҳоро кабуд ранг мекард. Аз ӯ пурсиданд:
— Сабаб чист, ки тирезаи мошинҳоро ранг кунондед?
— Чунки намояндаи колхозҳои ҳамсоя меоянд.
— Ранги оинаи мошинҳо ба ин чӣ алоқа дорад?
— То ки ба назарашон пахтаҳои пажмурдаи саҳро каб-кабуд намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё