Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
ЧӢ ФАРҚ ҲАСТ?
Ду нафар харидор дар назди магазин истода сӯҳбат мекарданд.
— Дар байни мудири нав ва мудири кӯҳнаи магазин чӣ фарқ ҳаст?
— Фарқ калон: мудири кӯҳна, фақат аз бегонаҳо мезад, мудири нав аз шиносҳо ҳам мезанад.
БАРОИ НАБЕРАПОЙ
— Писарам, зан гирифта ба хонаи дигар кӯчида истодаӣ. Эҳтимол, минбаъд маро фаромӯш кунӣ? — гуфт пиразан ба писараш маҳзунона.
— Не, ҳаргиз. Ҳамин ки фарзанд шуд, барои пойидани набераатон шуморо албатта гирифта меорам.
ҲУҶҶАТ БИЁРЕД
Мудири тӯрамизоҷи як идора аз одамон баҳудаву беҳуда ҳар хел ҳуҷҷатҳо талаб мекард. Як зани корафтода ба назди ӯ як даста қоғазҳои талабкардаи ӯро овард.
— Хуб, ана акнун дар бораи зан будани модаратон як ҳуҷҷати дигар биёред, — талаб кард мудир.
«БОЗ ЧӢ МЕҒУЕД?»
— Чаро аз ҳоли говҳои бесоҳиб хабар намегиред? — пурсиданд аз мудири фермаи чорводорӣ.
— Тӯҳмат! — ҷавоб дод ӯ. — Ман рӯзе се-чор бор омада ширашонро мебараму боз чӣ даъво мекунед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё