Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

БЕҒАЙРАТ

— Раис ако! — муроҷиат кард шахсе ба раиси камҳавсалаи колхоз.— Як ҳафта аст, ки ман шуморо кофта намеёбам.
— Ман шабу рӯз аз хона намеҷунбаму ту чӣ туҳматҳо карда истодай?!

ҶАВОБИ ҲАҚҚОНИ

Чӯпони ҷавон гургро зада кушт. Як мудири ферма, ки ба ҳаромхӯрӣ одат карда буд, ӯро сарзаниш кард:
— Эй каллаварам! Чаро гургро куштӣ, акнун ба болои кӣ акт мемонем?!

«ҚАБУЛАШ КАРДАМ»

Домулло хутба хонд:
— Шумо, ки ҷавони ҳозиру нозир ҳастед, Зебохон бинти Каримбойро аз рӯи шаръи шариф ба никоҳи мусулмонӣ қабул кардааш ба занӣ?
Ҷавони хурофотпараст даст ба сина гузошта, ҷавоб дод:
— Қасам ба виҷдони комсомолӣ, қабулаш кардам!

МОДАРБЕЗОР

Мӯйсафед ба ҷавони модарбезор хитоб кард.
— Эй, бевиҷдон! Барои чӣ модари мӯйсафедатро аз хона пеш кардӣ?
— Хӯш, мехоҳед, ки келинатон Таннозхонро пеш кунам?

пешина
аз 144
навбатӣ