Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
ПОЯШРО БАСТА МОНДАЕМ
— Чаро Хадичахон ба мактаб намерафтагӣ шуда монд? — пурсиданд аз кампири кӯҳнапараст набераи хурдсоли ӯро нишон дода.
— Магар хабар надоред? Мо фотиҳа карда, пои ӯро баста мондаем.
МАЪРУЗАИ ПОРСОЛА
Дар вақти маҷлис аз стенограмманавис пурсидаанд:
— Аз барои чӣ маърӯзаи раисро наменависед?
— Навиштан чӣ ҳоҷат? Матни маърӯзаи солҳои гузашта кардаашон ҳаст-ку?
ҲАМИН ТАВР ҲАМ МЕШАВАД
Як раиси ноӯҳдабарои такасалтангро бардор-бардор карда мебурданд. Касе бо ҳайрат савол дод:
— Ин раис се колхозро расво кард, акнун ӯро ба куҷо мебаред?
— Ба колхози чорӯм.
ҒУСОЛАИ ШУДАНИ АЗ ПОЧЕКАШ МАЪЛУМ
— Ҳой дугона, кӯдакатон ин қадар аррос мезанад. Калон шавад чӣ мешуда бошад? — пурсиданд аз модаре дар автобус.
Вай ба кондуктори аррос зада истода ишора намуда гуфт:
— Эҳтимол, кондуктор шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё