Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

ЛАКЛАК ВА МАСТ

Масти аласте дар таги дарахте ғелида мехобид, ва маҷоли аз ҷой хестан надошт. Лаклаке, ки дар шохи дарахт якпоя меистод, бо тамасхур гуфт:
— Аҷабо, ман дар болои дарахт якпоя меистаму ин мардак дар замин дупоя истода наметавонад?

ҲАР КИВУ ҲАР ЧӢ

— Барои чӣ бе янга ба кино омадед? — пурсиданд аз марде, ки ҳамеша танҳо ба тамошо меомад.
— Мо вазифаро тақсим кардаем: янгаатон кори хонаро мекунаду ман ба тамошо меравам ва ба хона омада мазмуни киноро ҳикоя карда медиҳам.

ҶОИ ТАНБАЛ ДАР КУҶО?

— Дар пахтазори мо ягонто ҳам танбал нест,— гуфт мағрурона сардори бригада ба намояндаи ноҳия.
— Дуруст мегӯед,— ҷавоб дод намоянда.— Онҳо дар саҳро не, дар кӯчаву бозор ва чойхонаҳо кайф карда гаштаанд!

КАФЛЕС БА ДАСТИ БИБИКАЛОН

— Палаватон чанд табақча мешавад? — пурсид мудири ошхона аз ошпаз.
— Кафлес ба дасти бибикалон: чӣ қадар, ки хоҳед, ҳамон қадар мекунем, мудирҷон.

пешина
аз 144
навбатӣ