Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
— Бо ин мудири нави ферма ситораамон рост намеомадагӣ барин.
— Барои чӣ? — пурсид шарикаш.
— Аз шунидам, аз гӯшт парҳез будааст.
«СЕСОЛӢ ХОНАД?»
Падари як бачаи кундзеҳни олуфта ба занаш муроҷиат карда гуфт:
— Чӣ бало? Улфатҷони мо доимо дар як синф дусолӣ мехонад?
— Хайр, — гуфт бо оҳанги эътироз модараш, — набошад дар як синф сесолӣ хонад?
«КӮЧАҲО КАҶ БОШАД, ЧӢ КОР КУНАМ?»
— Пои писаратон каҷ шудааст, — гуфтанд ба шахсе, ки писараш булҳавас буда, ба роҳи бадахлокӣ қадам монда буд.
— Кӯчаҳои шаҳр каҷу чилеб бошад чӣ кор кунам? — ҷавоб дод он шахс.
«БАРОИ ЧӢ ГАРДАНАТ КАҶ?»
Аз уштур пурсидаанд:
— Ҳой уштур, барои чӣ гарданат каҷ?
— Куҷои ман рост буд, ки гарданам рост шавад? — ҷавоб дод уштур.
СИРРИ НАМОЗХОНӢ
Як мудири магазин сертоату ибодат шуда монд. Ин ҳолатро дида духтараш аз модари худ пурсид:
— Модарҷон, барои чӣ падарам ин вақтҳо намозхон шуда мондаанд?
— Чим... магазинашонро тафтиш карда, камомади калон ёфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё