Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҶомеаҲикоя
Аз аввал хондан

— Имрӯз ибтидои таҳсил. Ана-мана нагуфта шумоён мактабро ба итмом расонда ҳар кадоме соҳиби илму ҳунар: инженер, техник, муаллим, агроном ва ҳоказо мешавед. Фаҳмибед?
— Фаҳмидем, — ҷавоб доданд талабаҳо.
— Чӣ хел саволҳо ҳаст?
— Ман як савол дорам, — гуфта як бача.
— Марҳамат.
— Қай таътил мешавад?

СУРАТИ АҲМАДИ ДОНИШ

Рассоми беҳунар ба нашриёт суратеро оварда гуфт:
— Ин сурати Абӯ Алӣ ибни Сино.
— Эй, ба ибни Сино не, балки ба Аҳмади Дониш монанд-ку, — гуфт мудири шӯъбаи рассомон.
— Хайр, гуфтаи шумо шавад: ин дар ҳақиқат сурати Аҳмади Дониш аст.

ҶАВОБИ ТАЛАБАИ ПАПИРОСКАШ

Муаллим ба харитаи ҷуғрофӣ ишора намуда, аз талабаи папироскаш пурсид:
— Чӣ гуна кӯҳҳо, дарёҳо ва каналҳоро медонӣ?
— Памир, Қазбек, Ангара, Беломор-Канал, — ҷавоб дод талаба.

АЗ ГӮШТ ПАРҲЕЗ БУДААСТ

Одами лоғаре, ки мудири фермаи гӯсфандпарварии колхоз таъин шуда буд, аз кӯча гузашта мерафт. Як чӯпони фиребгар ӯро ба шарикаш нишон дода гуфт:

пешина
аз 144
навбатӣ