Зеҳн
Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа

ҲикояҶомеа
Аз аввал хондан

БАҲОНА

Сардори цех коргареро маст дида сарзаниш кард:
— Чаро дар вақти кор нӯшидед?
— Мебахшед, сардор, ман дар вақти танаффус нӯшида будам.

ШОҲИН ВА КАЛҲОТ

Шоҳин ва Қалҳот ҷӯра шуданд ва байни худ шарт бастанд, ки зимистонро якҷоя гузаронанд ва барои хӯроки зимистона чилто мурғ захира кунанд. Баъд аз чанд рӯз Шоҳин аз Қалҳот пурсид:
— Ман сию нӯҳто мурғ шикор кардам. Ту чӣ?
— Кори ман ҳам бад не, — гуфт Қалҳот бо ғурур.
— Ҳозир рафта якто мурғ шикор карда меоям, ки бо ҳамин чилто мешавад.

«ГУРБА ХӮРЕД!»

Шахсе ба назди Мушфиқӣ, ки каме аз табибӣ хабар дошт, омада шикоят кард:
— Шикамам бениҳоят дард карда истодааст.
— Ягон чизи нофорам хӯрдед?
— Одатан даҳонамро кушода хоб мекунам, мумкин аст, муш даромада бошад.
— Ин тавр бошад, як гурбаи калонро дошта фурӯ диҳед, ки фавран мушро дошта мехӯраду бо ҳамин ҷонатон саломат мемонад.

«КАЙ ТАЪТИЛ МЕШАВАД?

Дар рӯзи якуми таҳсил муаллим ба синфи якум даромада, ба талабаҳои аввалин бор ба мактаб омадагӣ фаҳмонд:

пешина
аз 144
навбатӣ